Дар Сурия террористони ДИ ибодатгоҳи насрониро хароб карданд
Душанбе, 21.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар музофоти Хомси Сурия террористони гурӯҳи «Давлати исломӣ» ибодатгоҳи насронёнро хароб карданд. Дар ин бора оҷонсии “Reuters» бо такя ба маълумоти Дидбони ҳуқуқи башари Сурия хабар додааст.
Бино ба гуфтаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ, террористон барои ба хок яксон кардани ибодатгоҳи масеҳиёни шаҳри Ал-Қарйатайн аз булдозерҳо истифода кардаанд.
Ҳангоми забти шаҳр ифротгароён 230 нафар, аз ҷумла чанд оилаи масеҳиро асир гирифтаанд. Бино ба иттилои манбаъ, баъзе аз асирон озод гардида, 110 тани дигар ба музофоти Раққа, ки маркази маъмурии ДИ дар Сурия аст, фиристода шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






