Дар Қундуз роҳбари гурӯҳи ифротии «Ҷундуллоҳ» маҳв гардид
Душанбе, 25.08.2015. (АМИТ «Ховар»). – Дар вилояти Қундузи Афғонистон бар асари зарбаҳои ҳавоӣ панҷ ҷангӣ, аз ҷумла, роҳбари гурӯҳи «Ҷундуллоҳ» Қорӣ Ғулом маҳв карда шуд. Дар ин бора оҷонсии хабарии «Хома пресс» иттилоъ медиҳад.
Амалиёти поксозиро Раёсати амнияти миллии Афғонистон дар минтақаи Ҷаҳордара анҷом дод, ки дар натиҷа бо ҳамроҳии Ғулом Ҳазрат 4 ҷангии тобеи ӯ, аз ҷумла муовинаш кушта шуданд.
Дар Қундуз гурӯҳи «Ҷундуллоҳ» ҳамчун як қувваи мубориз бо мақомоти расмӣ маълум мебошад. Ҷангиёни он дар куштори даҳҳо нафар аз аҳолии осоишта даст доранд.
Бояд зикр намуд, ки Қори Ғулом Ҳазрат ҳамчунин яке аз роҳбарони гурӯҳи ифротгарои «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» ба шумор мерафт. Ёдовар мешавем, ки ҲИӮ фаъолона бо Толибон ҳамкорӣ дошт, вале чанде пеш ба тарафи «Давлати исломӣ» гузашт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






