Дар вилояти Суғд як килограмм героин мусодира гардид
Душанбе, 11.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд аз муомилоти ғайриқонунӣ як килограмм героинро мусодира намуданд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврю ҷустуҷӯӣ дар ҷамоати Ёваи шаҳри Хуҷанд халтаи полиэтиленӣ мусодира карда шуд, ки дар дохили он як адад баста бо маводи хокистарранг дарёфт гардид.
Кормандон агентӣ сокини 44-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дастгир намуданд, ки маводи нашъаовар ба ӯ тааллуқ дошт.
Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ маводи мусодирашуда героин буда, вазнаш 1 килограмм буд.
Бино ба иттилои АНМН, дар айни ҳол парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






