Дар як рӯз 266 қонуншиканӣ ошкор шуд
Душанбе, 07.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз, 6-уми август ниҳодҳои дахлдори Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи интизом, танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ошкор намудани истифодаи ғайримақсадноки автомашинаҳои хизматӣ, идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, бе шаҳодатномаи ронандагӣ, бо рақамҳои давлатии бегона ва дигар қонуншиканиҳо ҳангоми ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҷмӯи чорабиниҳоро дар кӯчаву хиёбонҳои ш.Душанбе амалӣ карданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ хабар доданд, дар натиҷаи гузаронидани чорабинии мазкур дар як рӯз 266 ҳолати қонунвайронкунӣ аз тарафи ронандагони нақлиёт ошкор гардид. Аз ҷумла, 7 ҳолати рондани нақлиёт дар ҳолати мастӣ, 52 ҳолати идораи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 13 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳи беиҷозат, 66 ҳолати идора намудани нақлиёти аз санҷиши техникӣ нагузашта ва дигар вайронкуниҳои қоидаҳои ҳаракати роҳ ошкор ва ба қайд гирифта шуд.
39 ронанда дар ҷойи ҳодиса ба маблаги 735 сомонӣ ҷарима шуданд, нисбат ба дигар вайронкунандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чораҳои қонунӣ татбиқ гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






