Дарёфт ва мусодираи беш аз 9 кило маводи мухаддир
Душанбе, 19.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Зимни гузаронидани чорабиниҳои фавриву ҷустуҷуӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ марди 30-солаи сокини ноҳияи Шӯрободро бо гумони даст доштанаш ба гардиши ғайри қонунии маводи мухаддир дастгир намуданд. Дар вақти кофтуков аз ӯ 7 килою 644 грамм маводи нашъадори сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ҳамчунин дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ низ зимни гузаронидани чорабиниҳои фавриву ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду нафар марди 46 ва 51-солаи ноҳияи мазкурро бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир намуда, аз гумонбаршудагон 216 грамм маводи нашъадори героин дарёфт ва мусодира гардидааст.
Ҳамин тариқ, зимни як чорабинии дигари фавриву ҷустуҷӯй дар вақти кофтукови марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе кормандони фаврӣ 1килою 398 грамм маводи нашъадори афюн дарёфт ва мусодира намудаанд.
Дар маҷмӯъ маводи нашъадор мусодира гардида, 9 килою 258 граммро ташкил дод.
Нисбати далелҳои зикргардида парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






