Даст задани ҷавонон ба ғоратгарӣ
Душанбе, 12.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Сокини 28-солаи ноҳияи Ҳисор ба ШВКД-и ҳамин ноҳия бо ариза дар мавриди он ки 9 августи соли равон, шахсони номаълум дар назди маркази ноҳия бародари 16-солаашро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони тамғаи Айфон ва 2 538 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, муроҷиат намудааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 22 ва 18-солаи сокини ноҳияи Ҳисор бо гумони даст доштан дар ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шудаанд.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






