Дастаи ФФТ дар Ҷоми “Истиқлол”: се бозӣ — се ғалаба
Душанбе, 19.08.2015 (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон )-Дар шаҳри Душанбе марҳилаи гурӯҳии сеюмин Ҷоми бошишгоҳи футболи “Истиқлол” оид ба футболи хурд дар арафаи анҷомёбист. Аллакай аввалин дастаҳои иштирокчии марҳилаи чорякфинали маълум шуданд. Аммо дар баъзе гурӯҳҳо мубориза барои баромадан ба марҳилаи баъдӣ пуршиддат мегардад.
Ёдовар мешавем, ки чемпиони феълии мусобиқа дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи “А” баромад мекунад, рӯзи 16 август бозии сеюми худро гузаронд. Дар ин давр рақиби ин даста яке аз пурқувваттарин дастаҳои гурӯҳ — “Динамо”-и ВКД буд. Бозӣ хеле пуршиддату шавқовар ҷараён гирифт. Дастаҳо ҳеҷ ба якдигар гузашт карданӣ набуданд. Тақдири бозиро голи ягонае, ки мураббии калони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Рустам Хоҷаев дар дақиқаи 28-ум ба дарвозаи динамочиён зад ҳал кард.
Хотиррасон менамоем, ки баъди ин ғалаба чемпиони амалкунанадаи мусобиқа бо 9 имтиёз аз се бозӣ мавқеи пешсафиашро дар гурӯҳи “А” мустаҳкам карда, амалан имконияти ба марҳилаи чорякфиналии мусобиқа баромаданро ба худ тамин мекунад. Бозиҳои навбатии марҳилаи гурӯҳии худро дастаи ФФТ рӯзи 20 август бо “Формула успеха” ва вохӯрии ҷамъбастиро рӯзи 22 август бо “Спитаменбонк” мегузаронад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






