Дастгирии занон ва оилаҳои аз офати табиӣ зарардида
Душанбе, 7.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дастгирии занон ва оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Шуғнони ВМКБ ва ноҳияи Рашт зимни мизи гирди «Нишасти бонувон» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бонувони масъули вазорату идораҳо, соҳибкорон ва фаъолзанон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар нишаст масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуб байни занон, аз ҷумла, шомилшавии занону духтарон ба равияҳои ифротгаро, тақлид ба фарҳанги бегона ва дигар масъалаҳои мубрам қайд гардиданд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода аз гароиши занон ба чунин ҳизбу равияҳо, тақлид ба фарҳанги бегона изҳори нигаронӣ намуда иброз дошт, ки пешгирии ин падидаи номатлуб тарҳрезии чораҳои мушаххасро тақозо менамояд. Мутассифона, ин амали номатлуб, новобаста аз мубориза бо он, дар кишварамон реша паҳн намудааст.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Шарофзода Гавҳар, Ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Идигул Қосимзода, Муовини Сардори хадамоти назорати бехатарии корҳо дар саноати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш ба вобаста масъалаҳои матраҳшуда табодули андеша намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






