Дастури Убайдуллоев дар мавриди ҷилавгирӣ аз афзоиши фарҳанги бегона

Август 20, 2015 09:26

Душанбе,20.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Аз бетарафии шахсони масъул дар мавриди афзоиши таблиғи фарҳанги бегонаю хатарзо дар пойтахти кишвар, Маҳмадсаид Убайдуллоев -шаҳрдори Душанбе шадидан изҳори нигаронӣ намудааст. Мавсуф дар ин росто дар ҷаласаи корӣ ба сохторҳои марбута дастур дод, ки дар ҳамаи  марказҳои савдою тиҷорат ва бозорҳои шаҳр ворид ва фурӯши сару либоси ба фарҳанги миллӣ бегонаро  ба таври бебозгашт ҷилавгирӣ  намоянд. 
Дар ҷаласа, ҳамзамон масоили омодагии пойтахт ба ҷашни 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ, вазъи санитарию экологӣ, дастгирии иҷтимоии қишрҳои ниёзманди ҷомеа, риояи танзими расму оин, ғанӣ гардонидани бозорҳои шаҳр, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, коҳиш додани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, дастрасии тарбиятгирандагони мактабу интернат, хонаҳои кӯдакон ва муассисаҳои томактабӣ бо ғизои хушсифат ва дигар масъалаҳои вобаста ба рушди шаҳрдорӣ матраҳ гардиданд.

 

Август 20, 2015 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!