Даври дуюми аксияи «Тозагии соҳил- 2015» оғоз шуд
Душанбе, 19.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Бо мақсади таъмин намудани вазъи экологии соҳилҳои дарёҳо, рудҳою обанборҳо ва дигар ҷўю каналҳо дар минтақаҳои аҳолинишин, инчунин ҷиҳати ҷалби сокинони мамлакат ба беҳсозии муҳити зист дар қаламрави ҷумҳурӣ даври дуюми аксияҳои «Тозагии соҳил- 2015» баргузор мегардад.
Даври дуюми аксияҳои «Тозагии соҳил- 2015» ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ роҳандозӣ гардида, давоми моҳи август, рўзҳои шанбеи ҳар ҳафта ҷараён мегирад.
Рафти ин чорабинии оммавӣ аз тариқи шабакаҳои радиову телевизионҳои ҷумҳуриявиву вилоятӣ ва маҳаллӣ ба аҳолӣ пешниҳод мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






