Деҳаҳои Бедак ва Ҳалқарф барқарор мешаванд
Рашт, 14.08.2015. (АМИТ «Ховар» Мирзосафари Ризвон).-Тавре ки хабар дода будем, 20 июли соли равон дар натиҷаи фаромадани сел ба сокинони деҳаҳои Бедак ва Ҳалқарфи ноҳияи Рашт беш аз 3 миллион сомонӣ хисорот расида буд. Ҳамчунин 45 оила бехонаву дар монда, чанд хонаводаи дигар қисман зарар дида буданд. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони 45 хонаи истиқоматӣ 100 тонна семент ва тамоми масолеҳи бинокорӣ аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатӣ фиристода шуд. Имрӯзҳо дар ҷои ҳодиса корҳои барқароркунӣ босуръат идома доранд. Сохтмончиён бо кумак ва дастгирии сокинони ноҳия анқариб тамоми деворҳои 45 хонаи истиқоматиро бардоштанд.
Барои коргарон ва сокинони деҳоти мазкур дар як рӯз се маротиба хӯроки гарм дода мешавад. Сокинони зарардида, ки ҳоло дар хаймаҳо муваққатан зиндагӣ мекунанд, бо таҷҳизоти рӯзгор таъмин мебошанд. Оби нӯшокӣ ва қувваи барқ низ таъмин шудааст.
Дар корҳои сохтмонӣ намояндагони тамоми ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта ва сокинони деҳаҳои ноҳия ҳар рӯз ширкат меварзанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






