ДМИТ соҳиби ҷоизаи BIZZ-2015 гардид
Душанбе, 31.08.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Барои дастовардҳои барҷаста ва муваффақият дар самти фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва барои истифодаи усулҳои навоварӣ ва маъмул дар идоракунӣ Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) бо ҷоизаи BIZZ-2015 сазовор гардид.
Тавре ки аз ДМИТ хабар доданд, ҷоизаро президенти Конфедератсияи ҷаҳонии бизнес-ширкатҳо (WORLD CONFEDERATION OF BUSINESSES — WORLDCOB) Ҷесус Ҷ. Моран ба ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода супорид.
WORLDCOB — ширкати пешсафи тиҷоратӣ буда, қароргоҳаш дар шаҳри Хюстони Техаси ИМА воқеъ аст ва барои рушду равнақи беш аз 3000 ширкат дар зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон бо роҳи эътирофнамоӣ ва ҳавасмандгардонии дастовардҳои онҳо ва соҳибкорони машҳур ба инкишофи масъулияти иҷтимоии корпоративӣ мусоидат менамояд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода зикр намуд,ки чунин музаффарият ба Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон имкон медиҳад, ки муассисаи таҳсилоти олии касбӣ минбаъд дар роҳи инкишофи худ ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардида, дар баробари ин мақоми корпоративӣ ва дастовардҳои он баландтар гардад.
Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон айни ҳол узви баргузидаи WORLDCOB гардида, узвият ба ДМИТ имкон медиҳад, ки ҳамкориҳоро дар муассисаҳои ҳаммонанди худ васеъ намуда, дар оянда аккредитатсияи байналмилалиро соҳиб гардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






