Ду амалиёти АНМН дар вилояти Бадахшон
Душанбе, 24.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Шабонарӯзи гузашта кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ду ҳодисаи кӯшиши гузаронидани қочоқи маводи нашъаоварро пешгирӣ намуданд.
Ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, амалиёти якум дар қишлоқи Андароби ноҳияи Ишкошим ба анҷом расида, кормандони Агентӣ бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъаовар сокини 39-солаи маҳаллиро дастгир намуданд. Аз ӯ як борхалта мусодира гардид, ки дар дохили он 4 баста бо маводи ҷигариранги бӯи махсус дошта мавҷуд буд.
Тибқи хулосаи экспертизаи судӣ, маводи мусодирашуда гашиш буда, вазни беш аз 2 килограммро дошт.
Амалилиёти дуюмро кормандони Агентӣ дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ гузаронида, дар ҳудуди деҳаи Ёмчи, ноҳияи Шуғнон ҳангоми кӯшиши гузаронидани қочоқи маводи нашъаовар сокини 40-солаи вилояти Бадахшонро дастгир карданд, ки аз ӯ як адад халта мусодира шуд ва дар дохили он зиёда аз 12 кг гашиш буд.
Дар нисбати ин ду ҳодиса аз рӯи якчанд моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ — м. 200 қ. 3 — “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори калон”, м. 289. “Қочоқ” ва м. 335. “Ғайриқонунӣ гузаштан аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.
Дар айни ҳол чорабиниҳои оперативӣ барои муайян намудани он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҷинояти мазкур алоқамандӣ доранд, гузаронида мешаванд. Боздоштшудагон ҳоло дар Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ нигоҳ дошта мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






