Ду лоиҳаи нави Ҳукумати Ҷопон барои Тоҷикистон
Душанбе, 27.08.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз маросими ба тасвиб расидани созишномаҳои муштараки ду лоиҳаи нав дар сафорати Ҷопон дар Душанбе баргузор гардид.
Созишномаҳои мазкур аз ҷониби Такаши Камада, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ва Худоёр Худоёров, раиси ноҳияи Рӯшон, Мирзабай Ҷошбаев, раиси ноҳияи Мурғоб ба тасвиб расиданд.
Дар чаҳорчўбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) Лоиҳаи барқарорсозии бинои маркази саломатии ноҳияи Рӯшон ба маблағи 86,103 доллари ИМА ва Лоиҳаи таъмири бинои асосӣ ва сохтмони бинои иловагӣ дар маркази саломатии ноҳияи Мурғоб ба маблағи умумии 88,849 доллари ИМА маблағгузорӣ мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






