Духтарони чечен ДИИШ-ро фиреб доданд
Душанбе, 03.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Тавре ки расонаҳои иттилоотии русӣ, аз ҷумла сомонаи «АиФ.ру» хабар медиҳад се духтари зодаи Чеченистон, худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бардурӯғ узви созмони террористии ДИИШ муаррифӣ карда, бо изҳори омодагии худ барои рафтан ба ҷангҳои Сурия 200 ҳазор рубли русӣ аз ин созмони террористӣ маблағ рӯёниданд.
Ин духтарон нахуст бо даъватгарони ДИИШ дар сомонаҳои иҷтимоӣ шинос шуда, бо фиристодани аксҳо бардуруғ аз омодагияшон барои пайвастан ба ин созмон хабар медодаанд. Замоне, ки маблағ ба суратҳисобашон ворид шуд, онҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ ғайб мезадаанд. Ба иттилои расонаҳои русӣ, ҳоло ин духтарон дар ҳабси хонагӣ қарор доранд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






