Дунё Абдуллоева: “Худро дар зодгоҳ эҳсос мекунам”
Душанбе, 12.10.2015, (АМИТ «Ховар»). — Дунё Абдуллоева, хонандаи мактаби №29-и ноҳияи Рашт, ки бо ҳамроҳии як гурӯҳ ҳамсолонаш дар истироҳатгоҳи «20 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” — и ноҳияи Ҷаббор Расулов қарор дорад, изҳор кард, ки “ман худро дар вилояти Суғд чун дар зодгоҳам эҳсос менамоям”.
Д.Абдуллоева дар идомаи сӯҳбат қайд кард, ки муррабиёну устодон ва ҳамсолонаш онҳоро хуш истиқбол гирифтаанд ва ӯву ҳамроҳонаш аз ин пазироии самимӣ рӯҳбаланд гаштаанд.
“Аз номи худ ва гурӯҳи истироҳаткунандагоне, ки аз ноҳияи Рашт омадаанд, ба сокинон ва роҳбарияти вилояти Суғд миннатдорӣ баён менамоем” — мегӯяд Дунё Абдуллоева.
Ёдовар мешавем, гурӯҳи 50 нафараи наврасон аз ноҳияи Рашт, ки хонаҳояшон бар асари офати табиӣ хароб гардидааст, то замони бунёди хонаҳояшон дар вилояти Суғд истироҳат ва таҳсил мекунанд.
Ба АМИТ “Ховар” аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ дода шуд, ки ба ин наврасон беҳтарин шароити истироҳат ва таҳсил фароҳам оварда шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






