Файзобод: Беш аз 200 ҷойи нави корӣ
Файзобод, 11.08.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Дар мақомоти шуғли аҳолии ноҳияи Файзобод 421 нафар шаҳрвандони корҷӯй ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 171 нафарашон занҳо мебошанд.
Дар нимсола ташкилоту корхонаҳои ноҳия 270 ҷойи нави корӣ пешниҳод кардаанд, ки 116 нафар корҷӯён аз рӯи касбҳои муҳосибӣ ва ниҳолпарварӣ ба курсҳои кӯтоҳмуддат ҷалб шуда, ба 43 нафар шаҳрвандони бекор, ки дар қайди мақомоти шуғли аҳолӣ меистанд, дар ҳаҷми 15500 сомонӣ кӯмакпулӣ ва ба 47 нафар шаҳрвандон қарзҳои имтиёзнок дода шудааст. Ҳамчуниндар ин давра 80 нафар корҷӯён ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






