Фаъолияти 4 корхонаи нав дар Ёвон
Ёвон, 18.08.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ноҳияи Ёвон чор коргоҳи хурду миёна ба фаъолият оғоз намуда, беш аз 40 ҷои навӣ корӣ таъсис дода шуд.
Коргоҳи дўзандагии дорои 20 мошинаи дарздўзӣ дар ҷамоати шаҳраки Ёвон, коргоҳи дўзандагии дорои 20 мошинаи дарздўзӣ ва коргоҳи истеҳсоли хишти сементии ҶДММ “Ғаюри Равшан” дар ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх ва коргоҳи истеҳсоли хишти пухтаи ҶДММ “Ёсини Ёвон” барои 22 ҷои корӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳана мавриди истифода қарор дода шуданд.
Бо мақсади мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар ин давра аз ҳисоби бакорандозии корхонаҳои мавҷуда, ба истифодадиҳии коргоҳҳои нав ва дигар сарчашмаҳо 3629 ҷойи нави корӣ ташкил карда шуд, ки 78 фоизи нақшаи пешбинишудаи солонаро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






