Фаъолияти Ҳизби коммунист дар Қазоқистон боз дошта шуд
Душанбе, 17.08.2015. (АМИТ «Ховар»). Дар Қазоқистон фаъолияти Ҳизби комунисти ин кишвар боз дошта шуд. Ҳукми додгоҳ дар ин бора 3 августи соли ҷорӣ содир шудааст.
Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, сабаби аслии боз доштани фаъолияти ин ҳизб муроҷиати Вазорати адлияи Қазоқистон оид ба нодақиқ нишон додани шумораи аъзои ҲКҚ мебошад.
Владислав Косарев-намояндаи ин ҳизб дар парламети Қазоқистон зимни суҳбат бо бахши қазоқии «Озодӣ» боз доштани фаъолияти Ҳизби комунисти Қазоқистонро айни муддао хонда, гуфтааст, ки муносибати ҷоҳилонаи роҳбарияти ҳизб боиси зарба ба ин ниҳод шудааст. Ду сол қабл фаъолияти ҳизбро ба муддати се моҳ боз дошта буданд. Он гоҳ намояндагони маҳаллии ҳизб дар Актюбинск ва Актауск пешниҳод карда буданд, ки бино бар сабаби фаъол набудани Кумитаи марказии ҳизб фаъолияти он баста шавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






