Фаъолияти ташхисгоҳи сайёр-тақозои замон
Душанбе, 13.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Асри ХХI, ки асри рушди технологияҳои иттилоотӣ ном гирифтааст, таҷҳизонидани шуъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо таҷҳизоти муосир, фаъолияти ташхисгоҳи сайёр тақозои замон мебошад.
Ин аст, ки аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо дастгирии сохтори асосии соҳа ва мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои гузаронидани ташхиси пурра ва пешбурди фаъолияти шўъбаи назорати таҳлилӣ ташхисгоҳи сайёр бо таҷҳизоти муосир харидорӣ карда шуд. Нақлиёти махсус бо 5 намуд таҷҳизоти истеҳсоли Федератсияи Руссия, Олмон ва ИМА ҷиҳозонида шудааст.
Ташхисгоҳи сайёри экологӣ барои муайян намудани ифлосшавии ҳавои атмосфера, ташхиси об ва хок, санҷишҳои сатҳи радиатсионии минтақаҳо фаъолият мебарад.
Илова бар ин, боз 5 адад газоанализатори истҳсоли Руссия барои чен кардани ихроҷи маводи зараровар аз нақлиёт ба ҳавои атмосфера харидорӣ шудааст.
Мутобиқи нақшаи корӣ ва баҳри иҷрои «Барномаи Мониторинги муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013- 2017» Раёсати ҳифзи муҳити зист мунтазам бо истифодаи таҷҳизоти воридшуда ва ташхисгоҳи сайёр мониторинги ҳолати минтақаҳои наздисарҳодиро ба роҳ мемонад.
Дар ин радиф ҳар моҳ мониторинги Ҳавзаи дарёи Сир аз рўи 24 ҷузъиёт бо гирифтани 12 намунаҳои об аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Ашт, Хуҷанд, Спитамен ва Қайроққум ташхис гузаронида мешавад. Ҳамзамон, Раёсат мониторинги ҳолати ҳавои атмосфераро дар нуқтаҳои мухталифи ҳудуди санитарӣ- муҳофизатии корхонаҳои саноатӣ то хаттӣ сарҳад кишвари ҳамсоя дар масофаи аз 50 метр то 2,0 км дур аз корхонаҳо анҷом медиҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






