Фаъолони ҲХДТ ба назди муҳоҷирон мераванд
Душанбе, 10.08.2015 (АМИТ «Ховар»).-Мутобиқи дастуру ҳидоятҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ намудани қарорҳои Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ва Анҷумани 12-уми ҲХДТ гурўҳи калони фаъолон ва кормандони масъули ҳизб барои гузарондани мулоқоту вохўриҳо бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва мусоидат ба мушкилоти онҳо дар моҳҳои август-сентябри соли равон ба шаҳру вилоятҳои Федератсияи Русия сафари корӣ анҷом медиҳанд.
Чунон ки Муовини якуми Раиси ҲХДТ С. Фаттоҳзода тазаккур дод, ҳадафи ин сафарҳо таҳким бахшидани робита бо муҳоҷирон, бохабар шудан аз вазъи кору зиндагии онҳо, таблиғи дастовардҳои солҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаҳмондани нуктаҳои барномаҳо ва ғояҳои созандаи ҲХДТ ва гирифтани пеши роҳи гароиши ҷавонон ба гурўҳҳои ифротии ба ном Давлати исломии Шому Ироқ мебошад.
Дар назар аст, ки ҳайати ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳрҳои бузурги Русия бо корфармоёни муҳоҷирон низ вохўриҳо гузаронанд ва шароити ҷойҳои нави кориро биомўзанд, то барои ҷалби минбаъдаи муҳоҷирон заминаи мусоид фароҳам биёваранд.
Тибқи гузориши сухангўи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Усмон Солеҳ дар ҳайати ҳизбӣ, ки фардо озими Русия мешаванд, 25 нафар ворид шудаанд. Теъдоди мазкур ба 5 гурўҳи 4-6 нафарӣ ҷудо шуда, дар шаҳри Маскаву минтақаҳои он, вилоятҳои Ленинграду Иваново, Ростови лаби Дон, Свердловск, Новосибирску Иркутск, кишвари Краснодару ҷумҳуриҳои Тотористону Бошқирдистон суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.
Вохўриҳои намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷики муқими Федератсияи Русия дар моҳи сентябр ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






