Фаровон гардидани ҳосили ангур ва полезиҳо
Душанбе, 08.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи маълумоти фаврии раёсати Растанипарварӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба миқдори 23977 тонна мева ва 2451 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудаанд. Истеҳсоли ангур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 420 тонна зиёд мебошад.
Тавре дар ин бора аз Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, соли равон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 17103 гектар кишти полезиҳо кошта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 2288 гектар бештар мебошанд.
Гуфта мешавад, ки то санаи 31июли соли 2015 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 248063 тонна полезиҳо истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49063 тонна афзунтар буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 201,8 сентнериро ташкил медиҳад, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 сентнер бештар аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






