Фестивал-озмуни «Оши палав» 22 август ҷамъбаст мегардад
Душанбе, 4.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Фестивал-озмуни «Оши палав» 22 августи соли равон дар Душанбе ҷамъбаст хоҳад гашт. Аз оғози моҳи август дар шаҳру ноҳияҳои кишвар Фестивал-озмуни «Оши палав» баргузор шуда истодааст.
Мақсад аз баргузории ин Фестивал-озмун тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ, тарбияи фарҳанги ошпазӣ ва такмили маҳорати касбии ошпазҳо мебошад. Мутасаддиёни фестивал мехоҳанд тавассути фестивал анъанаи ошпазӣ ва намунаҳои фарҳангу санъати марбут ба онро тақвият дода, ҳунармандон, ошпазон, косибон, кишоварзонро, ки дар таҳияи масолеҳи оши палав саҳмгузоранд, дастгирӣ намоянд.
Дар фарҳанги суннатии тоҷикон намунаҳои зиёди ҳунар ва анъанаҳо мавҷуданд, ки дар тӯли таърих дар натиҷаи робитаҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ ба кишварҳои дигар гузаштаанд ва имрӯз баъзе халқҳои минтақа онро як ҷузъи фарҳанги суннатии хеш мешуморанд.
Оши палав яке аз хурокҳои суннатии тоҷикон маҳсуб ёфта, аз даврони қадим дар байни тоҷикон, ки ба кишоварзӣ, махсусан шолипарварӣ машғул буданд, маъмулу машҳур аст. Сарчашмаҳои зиёди таърихию адабӣ роҷеъ ба маъруфияти таомҳои биринҷдор, аз ҷумла оши палав маълумоти хубе додаанд. Тоҷикон оши палавро шоҳи хӯрокҳо мешуморанд ва дар ҳамаи ҷамъомаду маъракаҳо ҳатман онро мепазанд.
Соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон номинатсияи «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон»-ро барои сабт гардидан ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба фарҳанги ғайримоддӣ пешниҳод кард. Фестивал -озмуни «Оши палав» ҷиҳати густариши фарҳанги миллӣ, аз ҷумла фарҳанги Оши палав дар ин самт мусоидат хоҳад кард.
Дар фестивал ошпазҳову ҳунармандон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷалб гардида, ҳунари ошпазҳо ба мараз гузошта мешаванд. Дар рафти фестивал, аз ҷумла маҳсулоти ҳунармандон, ки ба оши палав марбутанд, аз қабили корд, кафгир, тахтача, дег, табақ дастархон ва ғайра намоиш дода, ба фурӯш гузошта мешаванд.
Дар фестивал озмунҳои гуногун, аз қабили «Ошпази беҳтарин», «Оши палави беҳтарин», «Дастони моҳир», «Дастархони ороста» ва «Табақи дилкаш» гузаронида мешаванд. Ғолибони озмун бо диплом ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ ҳоҳанд шуд.
Фестивал-озмун дар ду давра гузаронида мешавад. Нахуст озмун дар сатҳи ноҳиявӣ ва баъдан дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Дар фестивал ҳунармандону ошпазони ҳамаи синну сол ва ҷинс метавонанд иштирок кунанд.








Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад






