Фестивал — озмуни «Оши палав» дар ноҳияи Рашт
Рашт, 17.08.20015. (АМИТ Ховар», Зебо Давлатзода).- Ба гуфтаи муовини раиси ноҳияи Рашт Зумрад Лоиқова дар боғи марказии фарҳангии ноҳияи Рашт аз рӯзи 17 август Фестивал-озмуни «Оши палав» баргузор шуда истодааст. Мақсад аз баргузории фестивал-озмуни «Оши палав» эҳёи суннатҳои таомпазии миллии тоҷикӣ, равнақ ва боло бардоштани фарҳанги ошпазӣ мебошад. Зумрад Лоиқова афзуд, ки дар Фестивал — озмуни «Оши палав» 14 ҷамоату шаҳрак ва тамоми ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштирок доранд. Ғолибони озмун баъди ба итмом расидани фестивал-озмун дар ноҳия муайян карда мешаванд ва ба фестивал-озмуни ҷумхуриявӣ роҳхат мегиранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






