Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Ҷилваи чакан»
Душанбе, 07.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги кишвар, дар миқёси ҷумҳурӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Ҷилваи чакан» дар даҳаи дуюми моҳи октябр дар ду давр баргузор хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, нахуст дар сатҳи ноҳиявӣ ҳунармандони беҳтарин интихоб шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ меёбанд. Даври дувуми Фестивал-озмун ҳамасола дар шаҳри Душанбе дар рӯзҳои ҷашни миллии «Меҳргон», дар макони аз тарафи Кумитаи тадорукот муқарраргардида барпо мегардад. Дар Фестивал маҳсулоти гуруҳӣ ё инфиродии ҳунарҳои бадеии ҳалқӣ аз қабили ҳунарҳои гулдӯзӣ, зардӯзӣ, чакан, атлас, читгарӣ, бофандагӣ, ороиши суннатӣ, зардӯзӣ, наққошӣ дар матоъ, расму оин, маросимҳо, ҷашнвораҳои марбута, фолклор пешниҳод мегарданд.
Доварон ба маҳорати ҳунармандон баҳогузорӣ намуда, беҳтаринҳоро аз рӯйи шартҳои пешниҳодшуда интихоб менамоянд. Ҷамъбасти Фестивал худи ҳамон рӯз сурат мегирад. Барои иштирок дар Фестивал ҳунармандон, дӯзандагон, устоҳо, коллективҳои эҷодӣ, марказҳои эҷодиёти бадеии халқ, рассомон, дизайнерҳо, тарроҳон, муассисаҳои фарҳангӣ ва омӯзгорони тахассусҳои эҷодии мактабу коллеҷҳо, муассисаҳои олии касбӣ, тоҷирону соҳибкорон, санъатшиносон, олимон, мутахассисони бахши санъати ороишӣ-амалӣ ва ҳунарҳои мардумӣ даъват мешаванд.
Гуфта мешавад, ки дар рафти Фестивал-озмун бунёди гӯшаҳои «Маърифат» ва «Сулҳу Ваҳдат», намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандон, барномаҳои бахши санъат (рақси чакан, суруд дар васфи чакан) намоиши маросимҳои суннатӣ, фолклор ва ғайра) дар назар аст.
Мукофоти Фестивал-озмун Шоҳҷоиза буда, унвонҳои Лауреати Фестивал, Устои халқӣ, Дӯзандаи беҳтарин, Нақши беҳтарин, Беҳтарин либоси кӯдакона, Беҳтарин либоси саҳнавӣба ғолибон дода мешаванд. Ҳар як иштирокчии Фестивал соҳиби сертификат хоҳад шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






