Фестивали либосҳои миллии «Хандаи ҳусн»
Душанбе, 11.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, либос яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллӣ буда, таҷассумгари анъанаҳои беҳтарин ва дирӯзу имрӯзи ҳар як миллат ба шумор меравад.
Ҳифзу нигоҳдошти либоси миллӣ дар замони муосир аҳамияти махсус касб намудааст. Ин аст, ки ҳамарӯза ба тарғибу ташвиқи он либоси миллӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба муносибати «Соли оила», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2015, тасдиқ шудааст, баргузории фестивали либосҳои миллӣ ба нақша гирифта шудааст.
Фестивали либосҳои миллии «Хандаи ҳусн», ки дар он тамоми намуди либос, аз ҷумла, либосҳои миллӣ (либосҳои қадима, кӯдакона, ҳаррӯза, идона, расмӣ, мактабӣ) ба маърази тамошо гузошта мешаванд, дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардида истодааст. Даври ниҳоии он дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






