Фестивали ҷумҳуриявии либосҳои миллии «Хандаи ҳусн»
Душанбе, 7.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо ибтикори Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фестивали ҷумҳуриявии либосҳои миллӣ «Хандаи ҳусн» бахшида ба «Соли оила» роҳандозӣ шуда баргузории он дар шаҳру ноҳияҳо ва маркази вилоятҳо идома дорад.
Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, мақсад аз баргузории фестивали мазкур баланд бардоштани мақому манзалати сару либоси миллӣ, тақвият бахшидани истеҳсоли анвои гуногуни матоҳои миллӣ, аз қабили атласу шоҳӣ, густариши санъати чакандӯзию алочабофӣ, гулбасту адрасбофӣ мебошад. Фестивал ҳамзамон барои таквият бахшидан ба ҳунари тарроҳон ва ба ин васила тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба расму оин, таровати сарулибос ва ороишоти миллӣ мусоидат хоҳад кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






