Грантҳои хурд барои таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва кашфиёту ихтироъкорӣ
Душанбе, 06.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Аз 1 -уми январи соли 2016 ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва кашфиёту ихтироъкорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар грантҳои хурд ҷудо карда мешавад. Дар ин хусус Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори марбута қабул кард.
Тибқи ин қарор мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ҳамасола ҳаҷми маблағи ҳар як гранти хурд ва миқдори умумии грантҳои хурдро вобаста ба самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар бахши илмҳои табию риёзӣ, техникӣ ва технологӣ муайян менамояд.
Дар асоси ин қарор муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетии худ маблағгузории грантҳои хурдро ҳамасола таъмин хоҳанд кард.
Вазорати маориф ва илми кишвар вазифадор шудааст, дар зарфи се моҳ тартиби гузаронидани озмун ҷиҳати дарёфти грантҳои хурд аз тарафи донишҷӯён барои таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва кашфиёту ихтирокорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва тасдиқ намуда, рафти маблағгузории грантҳои хурдро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар назорат намояд.
Ҳадафи Қарори мазкур дастгирии рушди илм ва маориф дар ҷумҳурӣ арзёбӣ мегардад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






