Гурӯҳи корӣ барои ҳалли муноқишаи сарҳадӣ ба вилояти Суғд рафт
Душанбе, 04.08.2015. (АМИТ «Ховар» Акрам Ҳаитов). — Оид ба муноқишаи дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баамаломада аз маркази матбуоти сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» чунин иттилоъ дода шуд: «25 июли соли ҷорӣ тахминан соати 11.30 дақиқа якчанд истиқоматкунандагони деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара бо мақсади обёрӣ намудани маҳаллаи номбурда бо оби нӯшокӣ дар наздикии дарёи Исфара ҷамъ омада, қубурҳои обгузар мегузарониданд. Ин ҳангом, истиқоматкунандагони маҳаллаи Кок-Тоши ҷамоати Оқсойи ноҳияи Ботканти Ҷумҳурии Қирғизистон аз ин иқдом бохабар шуда, бо сардории яке аз иғвогарони маълум — Роза Усарова, вакили мардумӣ аз маҳаллаи ҷамоати Оқсой, ба назди дарёи Исфара ҳозир мешаванд, ки шумораашон тақрибан 130-150 нафарро ташкил медод. Роза Усарова бо ғавғоҳои иғвоангезонааш сокинони маҳаллии қирғизро ба шӯр оварда, ба фоидаи Ҷумҳурии Қирғизистон даровардани роҳи пиёдагарди минтақаи Мазор — оромгоҳи муштараки сокинони деҳаи Сомониёнро ба миён мегузошт.
Баъд аз хархашаҳои дуҷониба, тахминан соати 16.00 ба ҷои муноқиша раиси шаҳри Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ва раиси ноҳияи Боткант Кэниш Салихов ҳозир шуда, вохӯрии корӣ оид ба масъалаи мазкур доир намуданд ва ба хулоса омаданд, ки то санаи 28 июл тартиби гузаронидани қубурҳоро ҳал менамоянд.
Қобили зикр аст, ки то ҳол масъалаи бамиёномада ҳалли худро наёфта, ба ҷои ҳодиса аз ҳар ду тараф сокинони маҳалӣ ҷамъ меоянд ва муқобили якдигар сангпартоӣ мекунанд.
Дар ин раванд, имрӯз санаи 4 август соати 12.30 аз ҷониби сокинони маҳаллаи Кок-Тоши ҷамоати Оқсойи ноҳияи Ботканти Ҷумҳурии Қирғизистон истифодабарии силоҳи оташфишон (яроқи шикорӣ) ва “коктейлҳои Молотов” ба сӯи сокинони ҷамъшудаи маҳаллаи Сомониён ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 6 нафар захмӣ гардида, айни замон 2 нафари онҳо бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхонаи маҳалаи Наймани ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара бистарӣ карда шудаанд».
Тавре ки намояндаи қушунҳои сарҳадии мамлакат Муҳаммад Улуғхоҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, чанде пеш гурӯҳи корӣ аз ҳисоби фармондеҳони Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ва мақомоти баландпояи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон барои аз наздик шинос шудан ва ҳалли муноқиша ба вилояти Суғд сафар карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






