Харобаҳои сел бартараф мешаванд
Ванҷ 12.08.2015 (АМИТ «Ховар» Файз Мирҳасан).-Бунеёди хонаҳои истиқоматӣ барои хонаводаҳои аз сел осебдидаи ноҳияи Ванҷ дар мавзеҳои Дашти Бовуд ва Сурхсангов идома дорад. Бо қарори раиси ноҳия барои ҳар яки ин ойлаҳо хонаҷой ва замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, бо кумаки агентии захираҳои моддии назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин мавзеъ масолеҳи бинокорӣ расонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи фаромадани селоб 8 хона дар деҳаҳои Рохарв ва Пшихарв пурра ва 12-хонаи дигар қисман хароб гардиданд. Дар баробари ин аз 73 шабакаҳои обрасонӣ 25 тояш аз истифода баромада, бештар аз 100 гектар заминҳои кишт бе об монданд. Сел хати обгузари маркази ноҳияи Ванҷро низ зер карда, сокинонро аз оби пок маҳрум кард. Барқарорсозии каналу ҷуйборҳои вайронгашта, хатти интиқоли оби ошомиданӣ низ идома дорад. Маблағи умумии хисорот 21 миллиону 933 сомониро ташкил медиҳад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






