Хуҷанд: бунёди 20 иншооти варзишӣ дар соли ҷорӣ
Суғд, 11.08.2015 (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).- Бахшида ба рӯзи варзишгарон дирӯз дар Қасри фарҳангии шаҳр Хуҷанд бо иштироки собиқадорони соҳаи варзиш ва ҷавонони фаъоли шаҳр маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Тавре шаҳрдории Хуҷанд баён дошт, баҳри солимии ҷомеъа ва хосатан ҷалби бештари аҳолӣ, аз ҷумла наврасону ҷавонон ба варзиш дар маркази вилоят аз ҷониби мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ беш аз 200 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд, ки соли ҷорӣ низ ин иқдом идома хоҳад ёфт.
Аз ҷумла тибқи нақша соли ҷорӣ дар шаҳр 20 адад майдончаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то ин дам 9 тои он алъон мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Р.Аҳмадзода аз дастовардҳои варзишгарони шаҳрёдрас шуда, зикр намуд, ки варзишгарони Хуҷанд дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ иштирок намуда, ба гирифтани 1190 адад медал, аз ҷумла 458 медали тилло, 306 медали нуқра ва 426 медали биринҷӣ ноил гаштанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






