Иқдоми ҲХДТ-«Мактаб-даргоҳи маърифат»
Душанбе, 17.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо ибтикори Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ба муносибати оғози Соли нави хониш иқдоми «Мактаб-даргоҳи маърифат» роҳандозӣ мешавад.
Дар заминаи иқдоми мазкур ҳамаи комиҷроияҳои ҳизбии вилоятҳо, шаҳру навоҳӣ, намояндагиҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» вазифадор шудаанд, ки бо ҷалби васеи масъулину фаъолони ҳизбӣ ва аъзоёну ихтиёриёни ташкилоти «Созандагон» корҳои таблиғотиро оид ба таълиму тарбия, баланд бардоштани маърифати насли ҷавон, сафарбар кардани наврасон ба донишомўзӣ ва ғайра вусъат бахшанд.
Ташаббуси мазкур тибқи нақшаи фаъолияти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва дастурҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди рушди маърифати ҷавонон ва дар сатҳи баланди маънавӣ истиқбол гирифтани Соли нави хониши 2015-2016 амалӣ гардонда мешавад.
Чунон ки аз дафтари матбуоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар зимни иқдоми мазкур, ки аз 15 август то 1 сентябри соли равон идома меёбад, комиҷроияҳои ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои худӣ ва кумаки молии соҳибкорон-фаъолони ҲХДТ барои талабаҳои эҳтиёҷманд ва кўдаконе, ки бори аввал ба мактаб мераванд, асбобу анҷоми таълимӣ ва сарулибоси мактабӣ тақдим мекунанд.
Дар доираи татбиқи ин ташаббус бештар ба масъалаи ҷалби хонандагон дар деҳоти навоҳии куҳистон ба зинаи сеюми таҳсилот (синфҳои 10-11) равона шуда, навгониҳои бахши мактабу маориф шарҳу эзоҳ дода мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






