Иқдоми нави «Созандагони Ватан»
Душанбе, 06.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» -и назди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бахшида ба Рўзи байналмилалии ҷавонон 12 августи соли 2015 дар мавзўи «Омилҳои гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он» дар шаҳри Душанбе «Мизи мудаввар» баргузор намояд.
Ба ин муносибат мақомоти ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз хоҳишмандоне, ки ба омӯзиши масъалаҳои ҷавонон машғуланд ва нияти ширкат дар чорабинии мазкурро доранд, даъват намудааст, ки маърӯзаҳои худро ба комиссияи ташкилӣ пешниҳод намоянд.
Дар ин маврид сухангўи ҲХДТ Усмон Солеҳ ба мухбири «Ховар» хабар дода, афзуд, ки дар асоси нақшаи тасдиқгардида баргузории чунин «Мизҳои мудаввар» дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳру навоҳии кишвар, вилоятҳои Хатлону Суғд дар назар дошта шудааст. Дар доираи чорабинии мазкур муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раънохон Бобоҷониён ва раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» А. Раҳмонзода низ бо намояндагони ҷавонони Тоҷикистон бо ширкати олимону донишмандон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мулоқоту вохўриҳо доир менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки маърӯзаҳои беҳтарин дар барномаи «Мизи мудаввар» ҷой дода шуда, дар шакли маҷмуа ба нашр расонида мешавад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






