Иқдоми “Ободонии маҳалли зист” дар Суғд
Суғд, 05. 07. 2015 ( АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Аз 1 августи соли равон дар қаламрави вилояти Суғд иқдоми “Ободонии маҳалли зист” оғоз гардид.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” масъулин аз Раесати ҳифзи муҳити зисти вилоят хабар доданд, ин иқдом бо ташаббуси раесати кумитаи мазкур пешниҳод шуда, мақсад аз баргузории он тоза намудани маҳалҳо аз партовҳо бо ҷалби васеи аҳолӣ тариқи гузаронидани ҳашари умумӣ аст ва он дар доираи эълони барономаи “500 рӯзи меҳнати зарбдор”, ки ба истиқболи “25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” эълон гардидааст, рӯи кор омадааст.
Ба иттилоъи масъулин он рӯз дар натиҷаи баргузории аксия бо иштироки 10 000 нафар сокинони вилоят, 175 метри мукааб партов бароварда шуда, 9500 метр ҷӯйбор тоза гардида, 11 км шафати роҳи Душанбе — Хуҷанд, 300 метр соҳили дарёи Сир, 500 метр соҳили сой ва ба андозаи 7250 метри мураббаъ роҳравҳо тоза карда шуданд. Дар назар аст, ки аксияи навбатӣ баъд аз як моҳ баргузор мегардад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






