Иқдоми «Созандагони Ватан» дар самти фарогирии камбизоатон ба мактаб
Душанбе, 29.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар доираи аксияи ҷумҳуриявии «Мактаб-даргоҳи маърифат» аз ҷониби гурӯҳҳои таблиғотӣ, ки аз ҳисоби аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» таъсис ёфтаанд, дар маҳаллаҳо вохӯриҳо доир шуда, ҷавонон, бахусус ҷавондухтарон барои гирифтани зинаи сеюми таҳсилот (синфҳои 10-11) даъват карда мешаванд.
Инчунин, дар ин робита бо кӯдакон ва ҷавононе, ки бинобар сабаби танқисии молиявии оилаашон имкони давом додани таҳсилро надоранд, сару либос ва дигар маводи барои хониш лозима тақдим мешавад.
Ёдовар мешавем, ки имрўзҳо аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва намояндагиҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аксияи ҷумҳуриявии «Мактаб-даргоҳи маърифат» ҷараён дорад. Ин иқдом то оғози соли нави хониш идома меёбад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






