Ифтитоҳи бозори нав дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Душанбе, 13.08.2015 (АМИТ «Ховар»). Дирӯз, 12-уми август раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар маросими ифтитоҳи бозори навбунёди «Ваҳдат», ки дар шафати шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров ҷойгир аст, иштирок намуд. Бозори навбунёди «Ваҳдат» дар масоҳати 3,8 гектар аз тарафи ҶСП «Фароз» бунёд шуда, 130 мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ, 300 нуқтаи фурӯши маводи сохтмонӣ, бинои маъмурии дуошёна, 2 ошхонаи замонавӣ, коргоҳи кафшергарӣ, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, нуқтаи ташхиси техникиву таваққуфгоҳ дорад. Дар ҳудуди бозор 58 камераҳои назоратӣ насб шудааст. Ҳамчунин утоқҳои хизматрасонии «Амонатбонк», идораи ҳифзи муҳити зист, раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки бо усули «Равзанаи ягона» фаъолият мебаранд, дар ҳудуди бозор ҷойгир шудаанд.
Ба иттилои масъулон дар ҳолати пурра ба фаъолият пардохтани бозори навбунёди «Ваҳдат» беш аз 1 000 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






