Ифтитоҳи мактаби нави таҳсилоти миёна дар Данғара
Душанбе, 28.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар шаҳраки Чорсадаи ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72 мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок кард.
Бинои мактаби нав аз се ошёнаи барҳаво иборат аст. Мавзеи бунёди мактаби нав бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати кўтоҳ ба шаҳраки муосир табдил дода шуда, дар ин шаҳрак муҳоҷирони дохилӣ аз навоҳии водии Рашт ва ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон, ки манзилҳояшон бар асари офатҳои табиӣ хароб гардидаанд, барои истиқомати доимӣ сафарбар ва бо қитаъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин шудаанд.
Дар ин муассиса шароити муосири таълиму тарбия фароҳам оварда шуда, дорои синфхонаҳои лингафонию компютерӣ, озмоишгоҳи фанӣ, толори варзишию ошхона мебошад ва барои ба таҳсил фаро гирифтани 640 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.
Сарвазири мамлакат нахуст бо шароит ва имкониятҳои мавҷудаи муассисаи нави таълимӣ шинос шуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бунёди мактаб баҳои баланд дод.
Тавре таъкид шуд, роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри рушду нумӯи соҳаи маориф-ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат талошҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо аҳли маорифи ноҳия ва вилоятро зарур аст, ба беҳтар гардонидани сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Бунёди мактаби нав соли 2012 шуруъ гардида, лоиҳаи он аз ҷониби Муассисаи давлатии мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-Роғун бо харҷи зиёда аз 18 млн. 300 ҳазор сомонӣ татбиқ шудааст.
Ин мактаб намуди зоҳирӣ, тарҳи бунёди бино ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо лавозимоти муосири таълимӣ дар қаламрави ноҳия ва вилоят аз беҳтаринҳо ба ҳисоб меравад.
Дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори ифтитоҳи мактаб ва истиқболи рўзи Дониш баргузоршуда, Сарвазири мамлакат бори дигар аз дастгирию ғамхориҳои ҳамешагии Сарвари давлат нисбат ба мактабу маориф ёдоварӣ карда, аз аҳли маорифи ноҳия ва вилоят масъулияти баланд дар таълиму тарбияи насли наврасро тақозо кард.
Дар идомаи рўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳраки Чорсадаи ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара бо рафти бунёди манзилҳои истиқоматӣ барои аҳолии бар асари офатҳои таббиӣ зарадидаи ноҳияи Дарвоз шинос шуд.
Бунёди манзилҳои нав дар ин мавзеъ босуръат идома дошта, масъулини корҳои сохтмонӣ барои таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша доранд то фаро расидани мавсими сармо бунёди манзилҳои пешбинишударо анҷом дода, ба соҳибонашон супоранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






