Ифтитоҳи маркази атласу адрасбофӣ дар Хистеварз
Суғд, 13.08.2015 (АМИТ “Ховар”Абдуаҳад Шарифзода).-Дирӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ баҳри шиносои пайдо намудан аз рафти корҳои созандагиву ободкорӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафари корӣ анҷом дода, дар ҷамоати деҳоти Хистеварз маркази нави таълимӣ — истеҳсоли мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он 8 адад дастгоҳи атласу адрасбофӣ гузошта шуда, 30 нафар бонувон ба омӯзишу шуғл фаро гирифта шуданд.
Тавре зикр гардид, имрӯз дар миқёси вилоят 53 адад маркази таълимии атласу адрасбофӣ, 69 адад маркази таълимии қолинбофӣ ва 26 адад сӯзанидӯзӣ амал карда истодаанд, ва тибқи нақша то охири сол шумораи марказҳои таълимию истеҳсолии адрасу атлас ва матоъбофӣ ба 150 адад расонида шуда, дар он 9000 нафар занону духтарон-соҳибхоназанҳо фаро гирифта мешаванд.
Сипас раиси вилоят ба корҳои навзосии 3,2 км роҳи миёни ҷамоатҳои Хистеварзу Зарзамин, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ бо маблағи 1,8 миллион сомонӣ сармоягузори мешавад, ҳусни оғоз бахшид. Бояд гуфт, ки аз оғози соли равон тибқи Барномаи вилоятии «Соли 2015 — идомаи соли роҳҳои обод» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 185 км роҳҳо аз таъмир бароварда шудаанд.
Дар доираи сафари кории худ раиси вилоят инчунин аз фаъолияти ҶДММ «Алфапэт» дидан намуда, дар маросими ба истифодадиҳии хатти нави технологӣ иштирок намуд.
Бояд гуфт, ки ҶДММ «Алфапэт» аз соли 2005 ба фаъолият оғоз намуда, дар коргох сарпушакҳои зарфҳои пластикӣ, ПЭТ(зарфҳои пластикӣ) ва пардаҳои полиэтиленӣ истеҳсол карда шуда, ҳаҷми истеҳсолии маҳсулоти коргоҳ аз 550 ҳазор сомонии соли 2006 то ба 21 миллион сомонӣ дар соли 2015 расидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад






