Ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия
Душанбе, 13.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оғоз гардид. Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанг 12 августи соли равон мулоқоти ҳайати расмии Тоҷикистон-муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Одинаева, сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфуддин Давлатзода ва сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Акрамов бо муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Алла Манилова, сардори шӯъбаи китобдорӣ ва бойгонии Департаменти илм ва маъорифи Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия Евгения Гусева баргузор гардид.
Зимни мулоқот тарафҳо доир ба масоили вусъати муносибатҳои мутақобилаи фарҳангӣ, табодули таҷрибаҳо, бозомӯзии мутахассисон ва афзун намудани теъдоди квотаҳо дар муассисаҳои олии фарҳангу ҳунари Федератсияи Россия табодули афкор намуданд. Ҷонибҳо омодагии худро барои рушду густариши минбаъдаи равобити ҳамаҷонибаи судманди фарҳангии байни кишварҳои Тоҷикистону Россия изҳор доштанд.
Нимаи дуюми рӯзи 12 август бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб нишасти матбуотӣ барои намояндагони васоити ахбори умум баргузор гардид.
Шоми ҳамон рӯз дар толори Кохи «Филармония-2»-и шаҳри Москва маросими ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оғоз гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






