Имзои 5 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон
Душанбе, 20.08.2015. (АМИТ “Ховар”). — Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон дар шаҳри Ашхобод 5 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии Маркази фарҳанги давлатии Вазорати фарҳанги Туркманистон дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ; Созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии телевизион, радио ва кинематографияи Туркманистон; Созишномаи ҳамкорӣ миёни вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва саноати тиббии Туркманистон; Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои солҳои 2016-2017; Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов имзо шуданд, ки бевосита ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои ду ҷонибаи ҳарду кишвар такони тоза хоҳанд бахшид.
Ёдовар мешавем, ки муносиботи Тоҷикистону Туркманистонро беш аз 75 санади ҳамкорӣ танзим хоҳанд кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






