Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем
Душанбе, 10.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Ҳар охири ҳафтаи моҳи август бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ташкилотҳои система, сохторҳои маҳаллӣ, ҷавонону наврасон, ихтиёриён ва доираи васеи сокинон амалиёти экологӣ доир карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1- уми август то 7- уми сентябри соли ҷорӣ дар қаламрави кишвар Амалиёти экологии умумиҷумҳуриявро бахшида ба 24 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони, “Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем”! эълон намудааст.
Мақсад аз баргузории амалиёти экологӣ тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, тавсеа бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани кишвар мебошад.
Амалиёти мазкур то 7 сенябри соли равон идома ёфта, ҳар рӯзи шанбе он бо ширкати ҷавонони фаъол ва ихтиёриён дар сатҳи баланд доир карда мешавад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






