Иштироки ҷавонони фаъоли Тоҷикистон ва Қирғизистон дар истироҳатгоҳи таълимӣ
Душанбе, 19.08.2015.(АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Зиёда аз 50 намояндагони ҷавонони фаъол аз ҷамоатҳои наздимарзии ноҳияҳои Исфара ва Б. Ғафурови Тоҷикистон ва аз ноҳияҳои Бодканд ва Лейлеки Қирғизистон дар истироҳатгоҳи таълимӣ таҳти унвони «Дунё. Амал. Офариниш!», ки дар маркази тандурустии «Шоҳин“–и шаҳри Қайроққум оғоз гардид, иштирок менамоянд.
Ташкилкунандагони чорабинӣ Бунёди Авруосиёи Осиёи Марказӣ — Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид буда, дар доираи лоиҳаи «Таҳкими иқтидори дар самти паст ва пешгирӣ кардани муноқишаҳо дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон» амалӣ мешавад.
Барои кор дар ин чорабинии фароғатӣ мураббиҳо аз шаҳри Душанбе, Бишкек, Хуҷанд, Бодканд, Кӯлоб, Исфара ва Панҷакент даъват шудаанд.
Иштирокдорон доир ба методҳои ташкили чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ, чорабиниҳои варзишӣ , имкони таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои хурд дар сатҳи ҷомеа ва ташкилотҳо курс мегузаранд.
Дар доираи ин чорабинӣ ҳамчунин лексияҳо ва муҳокимаҳо оид ба аҳамияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва фаромарзӣ, таҳаммулпазирӣ ба намояндагони миллатҳои мухталиф омӯзонида мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






