Истихроҷи ангишт ба 420 ҳазор тонна расонида шуд
Душанбе, 7.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Истихроҷи ангишт аз аввали сол то санаи 7 августи соли ҷорӣ ба 420 ҳазор тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65,8 ҳазор тонна зиёд мебошад. Фурӯши ангишт дар ин давра 362 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
Чунон ки аз Котиботи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ хабар доданд, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2015 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016», ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаю уҳдадориҳо вобаста ба таъмин намудани “МБГ Душанбе-2”, аҳолии кишвар, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ва захираи ангишт то мавсими тирамоҳу зимистон чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
Захираи ангишт бо назардошти бақияи ангишти соли сипаригардида дар анбор ва нуқтаҳои фурӯши корхонаҳои соҳаи ангишт ба санаи 7 августи соли 2015 — 149 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Дар айни замон, истихроҷи шабонарӯзии ангишт ба ҳисоби миёна панҷ- ҳафт ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки муштариён метавонанд аз нуқтаҳои махсуси фурӯши ангишт ва анборҳои корхонаҳои соҳаи ангишт онро харидорӣ намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






