Истихроҷи барзиёди ангишт нисбат ба соли 2014
Душанбе, 5.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаю уҳдадориҳо вобаста ба таъмин намудани “МБГ Душанбе-2”, аҳолии кишвар, соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва захираи он то мавсими тирамоҳу-зимистон бо ангишт корҳоро ба сомон расонида истодааст. Истихроҷи ангишт аз аввали сол то санаи 3 августи соли ҷорӣ ба 401 ҳазор тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 61 ҳазор тонна зиёд мебошад. Фурўши ангишт дар ин давра 352 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Бино ба иттилои бахши котиботи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, захираи ангишт бо назардошти бақияи ангишти соли сипаригардида дар анбор ва нуқтаҳои фурўши корхонаҳои соҳаи ангишт ба санаи 1 августи соли равон 140 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Дар айни замон, истихроҷи шабонарўзии ангишт ба ҳисоби миёна 4000-6000 тоннаро ташкил медиҳад, ки муштариён метавонанд аз нуқтаҳои махсуси фурўши ангишт ва анборҳои корхонаҳои соҳаи ангишт онро харидорӣ намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






