Кафгири тиллоӣ соҳиби худро ёфт

Август 22, 2015 07:13

Душанбе, 22.08.2015 (АМИТ «Ховар», Маҳинаи Собир).- Имрӯз,  22 август дар Боғи  Дӯстии халқҳои пойтахт фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав» ҷамъбаст гардид.
Дар фестивал ошпазҳову ҳунармандон аз  тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷалб гардида, ҳунари  ошпазии  онҳо  ба маърази намоиш гузошта шуд.  Дар рафти фестивал асбобҳои оштайёркунии ҳунармандон аз қабили корд, кафгир, тахтача, дег, табақ, дастархон ва ғайра намоиш дода, ҳамчунин ба  фурӯш гузошта шуд.
Дар  фестивал озмунҳои гуногуни «Ошпази беҳтарин», «Оши палави беҳтарин», «Дастони моҳир», «Дастархони ороста» ва «Табақи дилкаш» гузаронида  шуда, ғолибони озмун бо диплом ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. 
Дар даври ниҳоии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Оши палов» олитарин ҷоиза — «Кафгири тилоӣ»-ро Карим Ҳалимов, сарошпази ошхонаи Бозори «Фаровон»-и Қӯрғонтеппа ва  номинатсияи «Ошпази беҳтарин»-ро аз  шаҳри Хуҷанд Додобоев Баҳодур соҳиб гаштанд. Дар бахши «Дастони моҳир» -Алишер Файзиев ва дар бахши «Ороиши дастархони беҳтарин» Отабек Бобоқулов аз ноҳияи Шоҳмансур ғолиб эълон шуданд.
Ёдрас мешавем, ки фестивал-озмун дар ду давра гузаронида шуд, ки даври ҷамъбастии  ҷумҳуриявии он имрӯз   доир гардид. 

Август 22, 2015 07:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!