Кафгири тиллоӣ соҳиби худро ёфт
Душанбе, 22.08.2015 (АМИТ «Ховар», Маҳинаи Собир).- Имрӯз, 22 август дар Боғи Дӯстии халқҳои пойтахт фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав» ҷамъбаст гардид.
Дар фестивал ошпазҳову ҳунармандон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷалб гардида, ҳунари ошпазии онҳо ба маърази намоиш гузошта шуд. Дар рафти фестивал асбобҳои оштайёркунии ҳунармандон аз қабили корд, кафгир, тахтача, дег, табақ, дастархон ва ғайра намоиш дода, ҳамчунин ба фурӯш гузошта шуд.
Дар фестивал озмунҳои гуногуни «Ошпази беҳтарин», «Оши палави беҳтарин», «Дастони моҳир», «Дастархони ороста» ва «Табақи дилкаш» гузаронида шуда, ғолибони озмун бо диплом ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Дар даври ниҳоии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Оши палов» олитарин ҷоиза — «Кафгири тилоӣ»-ро Карим Ҳалимов, сарошпази ошхонаи Бозори «Фаровон»-и Қӯрғонтеппа ва номинатсияи «Ошпази беҳтарин»-ро аз шаҳри Хуҷанд Додобоев Баҳодур соҳиб гаштанд. Дар бахши «Дастони моҳир» -Алишер Файзиев ва дар бахши «Ороиши дастархони беҳтарин» Отабек Бобоқулов аз ноҳияи Шоҳмансур ғолиб эълон шуданд.
Ёдрас мешавем, ки фестивал-озмун дар ду давра гузаронида шуд, ки даври ҷамъбастии ҷумҳуриявии он имрӯз доир гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






