Кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ
Душанбе, 04.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Бино ба итттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўзҳо кишоварзони ҷумҳурӣ баъд аз ҷамъоварии ҳосили аввал ба кишту кори такрории зироатҳои кишоварзӣ машғул мебошанд.
Тибқи дурнамо имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 74700 гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад. Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ то санаи 31.07.2015 дар майдони 70273 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки баробари 94,1 фоизи дурнамо буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2365 гектар зиёд аст.
Аз майдони умумии кишти такрорӣ 31190 гектарро кишти ғалладонагиҳо, 13952 гектарро кишти ҷуворимакка барои дон, 6070 гектарро шолӣ, 11170 гектарри дигарро ғалладонагиҳо ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






