Кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ
Душанбе, 19.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод),- Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, имрўзҳо кишоварзони ҷумҳурӣ баъд аз ҷамъоварии ҳосили аввал ба кишту кори такрории зироатҳои кишоварзӣ машғул мебошанд. Тибқи дурнамо имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 74700 гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад. Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ то санаи 14 августи соли равон дар майдони 75220 гектар зироатҳои кишоварзӣ такроран кишт карда шудааст, ки баробари 100,7 фоизи нақша буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5785 гектар зиёд мебошад.
Аз майдони умумии кишти такрорӣ 31538 гектарро кишти ғалладона, 14126 гектарро кишти ҷуворимакка барои дон, 6153 гектарро шолӣ, 11259 гектарро дигар ғалладона ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон, дар ҷумҳурӣ то имрўз дар майдони 206 гектар картошка, 7761 гектар сабзавот, 3205 гектар полезӣ, 2900 гектар зироатҳои техникӣ ва 29610 гектар хўроки чорво такроран киш карда шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






