Корҳои лоиҳакашӣ барои ҷорӣ кардани оби обанбори сунъии дарёи Гунд

Август 18, 2015 08:42

Душанбе, 18.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Обанбори сунъии дар натиҷаи офати табиӣ дар ноҳияи Шуғнон баамаломада,   метавонад барои аҳолии ин ноҳия ва сокинони  дигар навоҳии аз водии Гунд поёнтар ҷойгирбуда, хатари ҷиддиро ба вуҷуд оварад.
 Ба иттилои сардори ситоди  холатҳои фавқулодда ва мудофиаи   шахрвандии ВМКБ Дӯстӣ Худоёров, барои муташаккилона рахна  намудани оби ин обанбор масъулин кор бурда истодаанд, зеро дар ҳолати  сар задании заминҷунбӣ ё дигар офати табиӣ ва яку якбора  рахна шудани сарбанд метавонад боиси натиҷаҳои нохуш гардад. Дар ин обанбор зиёда аз 9 миллион метри мукааб об ҷамъ омадааст. Барои ҳамин ҳоло корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби масъулин  давом дорад  ва аз оғози фасли сармо, ки об гардидани пиряхҳо  қатъ гардида, сатҳи дарёҳо поён меравад  оби обанбор тадриҷан бо кубурҳо  ба  дарёи Ғунд  сар дода мешавад.
-Аз ин  обанбори сунъӣ то  нерӯгоҳи обии «Помир 1», ки нерӯгоҳи калонтарини ширкати барқии Помирэнержи мебошад ва нисфи  вилоятро бо барқ таъмин менамояд, на кам аз 700  метр масофа аст. 
Ёдрас мешавем, ки обанбори мазкур дар натиҷаи баланд гардидани ҳарорати ҳаво ва об шудани пиряхи Барсем ба вуҷуд омада буд.  Ин пирях дар  қаторкӯҳҳои дараи Барсем  ба ду қисм  ҷудо шуда, як қисмати  он  бо оби рӯди куҳӣ   нисфи деҳаи Барсемро шуста, маҷрои дарёи Ғундро банд намуд.
 Аз 16-ум то 30 июли соли равон об шудани пирях  давом ёфта,  маҷрои дарёи Ғунд  панҷ маротиба зиёд гардид.
Деҳаи  Барсеми  ноҳияи Шуғнон, ки дар натиҷаи офати табиӣ зарар дид, аз 208 хоҷагӣ иборат буда, аҳолии муқими он 1443 нафарро ташкил медод.   Деҳаи Колхозободи ин ноҳия аз 44  хоҷагиву 290 нафар аҳолӣ  иборат  буд.
Дарозии обанбори сунъӣ  зиёда аз 3,5 км буда, пахноии он аз 200 то 700 метр мебошад. Чуқурии он аз 25 то 60 метрро ташкил  менамояд ва ҳаҷми оби обанбории сунъӣ бетағйир аст.

 

Август 18, 2015 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!