Корҳои сохтмонӣ ва азнавсозиҳо бахшида ба ҷашни Истиқлолият

Август 14, 2015 11:46

Файзобод, 14.08.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).- Шуъбаи  сохтумони асосии мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳияи Файзобод  мувофиқи нақша  амал намуда,  дар 6 моҳи соли чорӣ  тарҳрезии  лоиҳаҳо ва сохтмону таъмири биноҳоро ба анҷом расонидааст.
 Аз ҳисоби маблағҳои  марказонидашудаи буҷаи маҳаллӣ  барои идомаи сохтмони бинои  12 ҳуҷрадор дар маркази ноҳия  маблағи 700 ҳазор сомонӣ, идомаи корҳои  сохтумони бинои толори варзишии  муассисаи рақами 33 -150 ҳазор сомонӣ ва  сохтмони бинои Дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи хадамоти оташнишонӣ 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
  Ба иттилои  сардори шуъбаи  сохтумони асосии ноҳияи Файзобод  Саттор Болтуев  дар ноҳия аз ҳисоби барномаи Ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони  фонди Оғохон  4 адад барнома амалӣ карда мешавад.  Корҳои сохтумони бинои ҳочатхонаи «ЭКОСАН» барои 8 ҷой дар муассисаи таҳсилоти умумии  рақами 40 деҳаи Лолагӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 45 деҳаи Файзрез аз тарафи ҶСШК «Бунёд»  ба маблағи  96,000 ҳазор сомонӣ дар арафаи анҷомёбист. Сохтмони хатти оби нӯшокии деҳаи Дурахшон ба маблағи 437,677 ҳазор сомонӣ, ки саҳми аҳолӣ дар он 38,556 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва сохтмони хатти оби нӯшокии деҳаи Карсанг ба маблағи 368,340 ҳазор сомонӣ,  ки саҳми аҳолӣ дар он 54,74 3 ҳазор сомонӣ аст, аз тарафи пудратчиён оғоз гардидааст.
      Сохтмони Варзишгоҳ дар маркази  ноҳия шурӯъ шуда  аз тарафи  Дирексияи сохтмони иншооти Ҳукумати назди Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, ки аз тарафи пудратчӣ ҶДММ » Монолит 2011″  дар 6 моҳи соли ҷорӣ  ба маблағи 610,000 ҳазор сомонӣ  иҷро гардидааст.
        Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ  аз ҳисоби  соҳибкорон  ва маблағҳои маҳаллӣ низ сохтмони як қатор иншоот дар арафаи анҷомёбист.

 

Август 14, 2015 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд